Мошинҳои боркаши шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар ҷараёни муноқишаи моҳи сентябри соли 2022 дар ду тараф дармонда буданд, иваз карда мешаванд. Дар ин бора намояндагии президент Содир Ҷабборов дар вилояти Бодканд хабар додааст. Ҳукумати вилояти Суғди Тоҷикистон аз ҷараёни мулоқот бо ҷониби Қирғизистон хабар дода, вале дар бораи табодули мошинҳои дармонда чизе нагуфтааст.
Ба хабари расмии ду тараф, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Абдукарим Алимбоев, намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд 25-уми декабр дар шаҳри Хуҷанд вохӯрдаанд. Ҷониби Қирғизистон хабар додааст, ки тавофуқ барои иваз кардани мошинҳои дармонда дар ин нишаст ҳосил шуд.
Бар асоси ин тавофуқ, Қирғизистон 4 мошини боркаш (фура)-ро ба Тоҷикистон медиҳад ва Тоҷикистон ҳам 5 мошини боркашро ба Қирғизистон хоҳад дод. "Ин мошинҳои мутааллиқ ба сокинони рустоҳои наздимарзӣ буд, ки дар даргириҳои мусаллаҳонаи соли гузашта ба сабабҳои мухталиф дармонда буданд,"-омадааст дар хабари расмии ҷониби Қирғизистон.
Бори ахир моҳи сентябри соли 2022 дар марзи ду кишвар муноқишае сар зад, ки чор рӯз идома дошт ва аз ҳарду тараф даҳҳо куштаву захмӣ барҷой гузошт.
Намояндагони ҳукумати вилояти Ботканд гуфтаанд, баргардондани мошинҳои дармонда дастури Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон буд, ки иҷро шуд. Ҷониби Тоҷикистон то ин дам дар бораи иваз кардани мошинҳои боркаш бо Қирғизистон расман чизе нагуфтааст.
Дар хабарномаи расмии ҳукумати вилояти Суғд омадааст, “нақшаи чорабиниҳои муштарак миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон барои соли 2024 ба имзо расонида шуд.”
Ду тараф навиштаанд, барои таъмини амнияти сокинон дар марз, пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ ва пешгирии муноқишаҳо ҳамкорӣ мекунанд.
Дар чанд моҳи ахир мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон аз пешрафтҳои чашмгир ва зуд дар масъалаи таъйину аломатгузории марзи ҷанҷолии ду кишвар хабар медиҳанд. Аввали моҳи декабр Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи амниятии миллии Тоҷикистон ва раиси ҳайати ҳукуматӣ дар як суханронӣ дар ҳузури Қамчибек Тошиев, ҳамтои қирғизи худ гуфт, ки ду тараф дар масоили истифодаи иншооте, ки дар қаламравҳои баҳсии ҳамдигар доранд, ба тавофуқи усулӣ даст ёфтаанд.
Роҳбарони комиссияҳои марзии ду кишвар гуфтанд, беш аз 90 дарсади хати марз мувофиқа шудааст.
Марзи бештар аз 900 километрии Тоҷикистону Қирғизистон, ки тақрибан 300 километраш то ҳол аломатгузорӣ нашудааст, солҳост, ки батакрор шоҳиди низоъ миёни сокинон ва низомиёни ду тараф мешавад. Мардуми ду сӯи марз барои обу замин ва чарогоҳ борҳо бо ҳам ҷангу муноқиша кардаанд ва ҳамеша якдигарро дар сар задани ҳодисаҳо гунаҳкор мекунанд.
Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов 11-уми декабр дар маросими ифтитоҳи як мактаб дар деҳаи Оқ-Сой гуфт, марз бо Тоҷикистон то баҳори соли 2024 мушаххас хоҳад шуд.