Пулиси шаҳри Алмаатои Қазоқистон сокинонеро, ки дар эътироз ба кори низоми гармидиҳӣ роҳро баста буданд, муҷозот кардааст.
"Зидди чор сокин барои итоат накардан ба дастури қонунӣ ё талаби корманди пулис санади маъмурӣ тартиб дода шуд. 9 нафари дигар барои эҷоди монеа ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд", - изҳор дошт як масъули Вазорати умури дохилии Қазоқистон Кайсар Султонбоев.
Сокинони маҷмаии зисти "River Park" дар Алмаато 23-юми декабр аз набудани гармӣ дар хонаҳояшон дар рӯзҳои сард шикоят карданд.
Онҳо ба нишони эътироз ба кӯча баромада, талаб карданд, ки бо гармӣ таъмин шаванд.