Эмомалӣ Раҳмон ба Русия рафтааст

Роҳбарони кишварҳои узви ИДМ дар Бишкек. 13 октябри соли 2023

Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баъд аз зуҳри 25-уми декабр ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафтааст.

Ба қавли дафтари матбуоти президент, ҳадаф аз ин сафар, ширкат дар нишасти ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил аст. Соли гузашта низ роҳбарони ин созмон пеш аз фаро расидани соли нав ҷамъ шуда буданд.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, як созмони зери нуфузи Русия 32 сол пеш ба хотири сарҷамъ кардани 15 кишвари шӯравии собиқ таъсис ёфтааст.Озарбойҷону Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистону Украина шомили ин созмон ҳастанд. Намояндагони Украина чанд сол боз дар нишастҳои ин созмон ширкат намекунанд.