Дар ду рӯзи ҷанг дар Ғазза 14 сарбози исроилӣ кушта шудааст

Як сарбози Исроилӣ дар Ғазза

Мақомоти Исроил гуфтанд, ки дар ду рӯзи гузашта 14 сарбози ин кишвар дар Ғазза кушта шудааст.

Кушта шудани 14 сарбози исроилӣ дар ду рӯзи охир бесобиқа аст.

Расонаҳои исроилӣ рӯзи 24-уми декабр аз қавли артиши Исроил хабар доданд, ки рӯзи шанбе ва якшанбе 14 сарбозу афсар дар Ғазза кушта ва 16 нафар захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи расонаҳо, аз оғози ҷанг беш аз 150 сарбозу афсари исроилӣ кушта ва наздик ба ду ҳазори онҳо маҷрӯҳ шудаанд.

Исроил дар Ғазза зидди гурӯҳи ҲАМОС, ки дар Амрико ва Аврупо созмони террористӣ номида шудааст, ҷанг мекунад.

Мақомоти Ғазза мегӯянд, дар ҳамлаҳои Исроил беш аз 20 ҳазор сокини одӣ кушта шудааст, ки аксарашон занону кӯдаконанд. Шумораи захмиёнро беш аз 50 ҳазор нафар медонанд.

Рӯзи 7-уми октябр ҲАМОС ба Исроил ҳамла кард. Дар он ҳамла 1200 нафар кушта шуд ва ҲАМОС беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт. Исроил гуфт, қасд дорад, ҲАМОС-ро нобуд кунад.

Созмонҳои мададрасон мегӯянд, сокинони Ғазза хонаҳояшонро аз даст додаанд ва аз гуруснагӣ азоб мекашанд. Исроил ба даъватҳо барои оташбас посухи рад додааст.