Амрико гуфт, ба киштии нафткаш дар Ҳинд Эрон ҳамла кардааст

Киштии нафткаши "Хем Плуто"

Вазорати мудофиаи Амрико гуфт, бесарнишине, ки ба як киштии нафткашон дар соҳили уқёнуси Ҳинд ҳамла кард, аз хоки Эрон парвоз кардааст.

Ба киштие, ки ба як ширкати ҷопонӣ таалуқ дошт ва бо парчами кишвари африқоии Либерия ҳаракат мекард, рӯзи 23-юми декабр ҳамла шуд.

Бар асари ҳамла дар киштии нафткаш, ки аз Арабистони Саудӣ ба бандаре дар Ҳинд ҳаракат дошт, сӯхтор сар зад, вале он зуд хомуш карда шудааст.

Эрон ҳанӯз ба изҳороти мақомоти амрикоӣ посух надодааст.

Пеш аз ин ҳамла, як мақоми эронӣ гуфта буд, ки ба ҷуз роҳи баҳрии Бобулмандиб эҳтимол дигар роҳҳои обӣ низ баста шаванд.

Ҳусиҳои Яман, ки ҳукуматро дар ин кишвар дар даст доранд, эълон кардаанд, ки то Исроил ҷангро дар Ғазза поён надиҳад, ба киштиҳое, ки аз роҳи баҳрии наздик ба Яман мегузаранд, ҳамла мекунанд.

ИМА, як эътилоферо барои таъмини амнияти киштиҳо дар роҳҳои баҳрии ин минтақа таъсис додааст.

Ҳусиҳои Яман низ аз ҷониби Эрон пуштибонӣ мешаванд. Эрон ба он айбдор мешавад, ки ба ин гурӯҳ силоҳ медиҳад. Ин кишвар рад кардааст.

Ҳусиҳо ба чанд киштӣ ҳамла карданд ва бархе ширкатҳои боркашонӣ роҳашонро тағйир доданд.