Дар баъзе аз корхонаҳои Туркманистон 5 моҳ боз маош нест

Кормандони корхонаҳои киштисозӣ ва бахши нақлиёт дар вилояти Балкани Туркманистон аллакай 4-5 моҳ боз наметавонанд маоши худро бигиранд.

Дар ширкати "Балкан", ки киштиҳоро таъмир мекунад, ҳудуди 150 кас фаъолият дорад.

Онҳо мегӯянд, бо вуҷуди он ки вазифаҳои худро иҷро мекунанд, аллакай наздик ба 5 моҳ аст, ки маош нагирифтаанд.

Кормандони корхонаи "Хазар Балик" дар Балкан, ки бо консерваи моҳӣ машғул аст, шикояти ҳамсон доранд. Онҳо мегӯянд, пештар дар "Хазар Балик" зиёда аз 500 кас кор мекард ва ҳоло ними ин кормандон мондаанду бас.

Яке аз ширкатҳои нақлиётии Туркманбошӣ низ аз моҳи августи имсол ба ин сӯ маош надодааст. Мақомоти Туркманистон таъхирро дар пардохти маоши кормандон шарҳ намедиҳанд.