Дар Эрон як занро ба дор овехтаанд

Самира Сабзиёнро, ки дар кӯдакиаш ба шавҳар доданд, рӯзи 20-уми декабр ба дор овехтаанд.

Як гуруҳи ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, дар Эрон занеро ба дор овехтаанд, ки ҳанӯз дар кӯдакӣ ӯро ба шавҳар дода буданд.

Самира Сабзиёнро бо гуноҳи куштани шавҳараш ба қатл маҳкум карда буданд ва ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳукумати Эрон талаб доштанд, ӯро раҳо кунад.

Гуруҳи Ҳуқуқи Башар дар Эрон, ки дар Норвегия қароргоҳ дорад, рӯзи 20-уми декабр гуфт, ки Самира Сабзиёнро, ки даҳ сол боз дар зиндон буд, рӯзи чаҳоршанбе 20-уми декабр дар зиндони Ғазал Ҳисор дар шаҳри Караҷ ба дор кашидаанд.

Қатли Самира Сабзиён дигарбора нигарониҳо аз иҷрои ҳукми қатл дар Эронро афзоиш дод, ки имсол садҳо нафарро аз ҷумла бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир ва ё қатл ба дор овехтааст. Дар байни онон садҳо зан ҳам будаанд.