Садҳо ронандаи мошинҳои боркаш, ки ба Чин молу маҳсулот мебаранд, 20-уми декабр дар назди бинои шуъбаи Вазорати нақлиёт ва роҳҳои Қирғизистон дар шаҳри Ӯш ба нишони эътироз таҷаммуъ карданд.
Онҳо аз ҷамъшавӣ ва банд мондани мошинҳо дар гузаргоҳи марзии "Эркештам"-и Қирғизистон ва Чин шикоят мекунанд.
Эътирозгарон талаб карданд, ҳамаи санадҳое, ки барои ворид шудан ба Чин лозиманд, бо навбат дода шаванд. Ба гуфтаи онҳо, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 300 мошини боркаш дар марз қарор дорад ва наметавонанд ба Чин дароянд.
Ронандагон ҳамчунин хостанд, ки ширкатҳои боркашон низ бо навбат кор кунанд. Онҳо аз вазири нақлиёти Қирғизистон талаб карданд, ки ба Ӯш ояд.
Сардори шуъбаи нақлиёти Ӯш ба ронандагони норозӣ ваъда дод, ки мушкилро ҳал мекунад. Ронандагон тасмим гирифтаанд, ки рӯзи 21-уми декабр ҳам таҷаммуъ кунанд.