Ин ҳукмро бар он асоснок кардаанд, ки Доналд Трамп дар ҳодисаҳои 6-уми январи соли 2021 даст дорад. Он замон гурӯҳе аз тарафдорони Трамп ба бинои Конгресс даромада, ҳадаф доштанд, маросими тасдиқи натиҷаҳои интихоботро барҳам зананд. Дар интихоботе, ки президенти кунунии Амрико Ҷо Байден пирӯз шуда буд.
"Трамп хушунат ва иқдоми ғайриқонуниро таҳрик дода, ҳимоят кардааст, ки ҳадафи он хушунату иқдом барҳам задани раванди интиқоли мусолиматомези қудрат буд", - омадааст дар қарори додгоҳ. Трамп то 4-уми январи соли 2024 ҳақ дорад, ки аз рӯйи ин қарор шикоят барад.
Намояндагони ситоди интихоботии Трамп гуфтанд, тасмим доранд, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят баранд ва ин қарорро бекор кунанд.
Доналд Трамп аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аз моҳи январи соли 2017 то январи 2021 президенти Амрико буд.