Шабакаи иҷтимоии TikTok дар Қирғизистон ҳанӯз баста нашудааст. Дар ин бора рӯзи 19-уми декабр раиси хадамоти танзим ва назорати бахши алоқа Олтинбек Токторбоев хабар дод.
Ба гуфтаи вай, барои бастани шабака дар ҳудуди Қирғизистон қарори додгоҳ лозим аст, вале чунин қарор ҳанӯз набаромада.
Токторбоев афзуд, Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонон бо намояндагони TikTok дар бораи бастани он гуфтугӯ доранд.
Моҳи октябри соли ҷорӣ намояндаи Вазорати фарҳанги Қирғизистон гуфта буд, ки Вазорати рушди рақамӣ ҳангоми бастани TikTok ба душвориҳои фаннӣ (техникӣ) рӯ ба рӯ шудааст.
Вазорати фарҳанги он кишвар қарори бастани TikTok-ро ҳанӯз 30-юми август содир карда буд. Вазорат он замон гуфта буд, "муҳтавои ин шабака ба ҳолати эҳсосии насли наврас таъсири манфӣ мерасонад".
Баъзе аз фаъолони шабакаи мазкур ба тасмими вазорат зид баромаданд.