Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки дар ноҳияи Ала-Букини вилояти Ҷалалобод ҳашт низомиро ба гумони даст доштан дар қочоқ боздошт кардааст. КДАМ ин хабарро рӯзи 19 декабр нашр кард.
Ба иттилои ин ниҳод, боздошти низомиҳо шаби 17 ба 18-уми декабр дар гузаргоҳи марзии "Баймак-автодорожний" сурат гирифтааст.
Тафтишот мегӯяд, дар гузаргоҳи мазкур қочоқ ба таври доимӣ сурат мегирифтааст ва низомиҳо дар он саҳм доштаанд.
"Бо ҳадафи пинҳон кардани рафтори ҷиноии худ низомиҳо дар ҳудуди гузаргоҳ барқро хомӯш мекарданд, то ин ки дурбинҳои наворбардорӣ аз кор монанд", - хабар додааст КДАМ Қирғизистон.
Ба иловаи қочоқи мол КДАМ мегӯяд, дар гузаргоҳ муҳоҷирати ғайриқонуниро ошкор кардааст. Дар умум 8 низомӣ ва 5 шаҳрванди одӣ боздошт шудаанд.