Масъулони бахши тандурустии Ғазза рӯзи 19-уми декабр гуфтанд, ки дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба шаҳри сарҳадии Рафаҳ, дар ҷануби Ғазза, се хона зарар дида, бист фаластинӣ кушта шуданд.
Даҳҳо ҳазор фаластинӣ аз тарси ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ ба шимоли Ғазза ба Рафаҳ ва дар наздикии марз бо Миср гурехта буданд.
Сокинони шаҳри Хон Юнус дар шимоли Ғазза низ рӯзи 19-уми декабр аз даргириҳои сахт миёни нерӯҳои исроилӣ ва ҷангҷӯёни "Ҳамос" хабар доданд .
"Ҳамос" аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ эътироф шудааст.
Ҷанг байни Исроил ва ин созмон аз 7-уми октябр ба ин сӯ идома дорад.