Дар заминларзае дар Чин камаш 118 нафар ҷон бохта, зиёда аз 600 кас маҷрӯҳ шудаанд. Ба гузориши “Франс Пресс”, ҳодиса шаби 18 ба 19-уми декабр рӯй дод.
Мақомоти вилояти Гансу гуфтаанд, дар ин минтақаи Чин дастикам 105 нафар фавтида, ҳудуди 400 тан захмӣ ҳастанд.
Телевизиони давлатии CCTV хабар дод, ки дар Синхай 13 нафар ҷон бохта, 182 кас маҷруҳ ва 20 нафар бедарак шудаанд.
Бар асари заминларза ҳазорон хона осеб дид. Маъмурони наҷот дар ҷойи ҳодиса кор мекунанд.
Дар Чин, ки дар ҳамсоягии Тоҷикистон қарор дорад, ҳар чанд вақт заминларзаи шадид рӯй медиҳад. Дар зилзилаи соли 2008 дар Сичуани ин кишвар даҳҳо ҳазор кас ҷон бохта, 375 ҳазор нафар осеб диданд.