Украина рӯзи 17-уми декабр бо дрон пойгоҳи ҳавоиеро дар дохили Русия нишон гирифтааст.
Як саҳифаи мунтақиди Клемл дар “Телеграм” ва расонаи мустақили “Астра” навори парвози ҳавопаймоҳоро дар болои шаҳри Морозовски вилояти Ростов нашр карданд.
Дар ин шаҳр ҳавопаймоҳои бомбаандози Русия ҷойгир шудаанд.
Волии Белгороди Русия низ тасдиқ кард, ки рустоҳо мавриди ҳамлаи шадиди ҳавопаймоҳои украинӣ қарор гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол, Русия рӯзи 18-уми декабр панҷ ҳавопаймои бесарнишинро дар фазои чаҳор минтақаи Украина ба парвоз даровард.
Нерӯҳои ҳавоии Украина гуфтанд, ҳавопаймоҳоро дар вилоятҳои Николаев, Днепропетровск, Виннитсия ва Хмелнитскӣ сарнагун кардаанд, вале дар бораи талафот ва зарари расида гузориш надоданд.