Масъулони хоҷагии деҳқонии “Саъдӣ Шерозӣ” шикоят доранд, ки амри ба гуфтаашон "ногаҳонӣ"-и мақомот сабаби бурида ё решакан шудани 106 дарахт ва барбод рафтани заҳмати чандсолаи онҳо гашт.
Ҳодиса дар аввали моҳи декабри имсол рӯй дод.
“Маро субҳ хабардор карданд, ки дарахтонро кандаанд. Мегӯянд, раиси шаҳр фармон додааст. Чаро фармон медиҳанд, аммо хоҷагидорро огоҳ намекунанд?" – гила кард Сабзагул Қурбонова, саҳмдори хоҷагии деҳқонии “Саъди Шерозӣ”.
Намояндагони Додситонии Кӯлоб гуфтанд, ки соҳибони боғу дарахтонро қаблан дар бораи тасмими худ огоҳ карда буданд. Боғдорон иддао мекунанд, ки ҳушдорро пас аз кандани дарахтон гирифтанд.
Рустам Раҳмонов, соҳиби дарахтон, талош дорад, ки баъзе аз онҳоро аз хушкидан наҷот диҳад, вале мегӯяд, тавоноии кофӣ надорад. Ин дарахтон, ба нақли Рустам Раҳмонов, нони чанд хонаводаро таъмин мекарданд.
"Прокурор (додситон) ба ҳамин ҷо омадааст. Бояд ҳаштод сотих аз инҷо канда гиранд, бе пурсиши мо ва бе имзои мо," -- гуфт ӯ.
Баҳс ба чанд соли пеш бармегардад. Ҳукумати Кӯлоб дар соли 2011 заминро ба хоҷагии деҳқонии “Саъдӣ Шерозӣ” додааст. Хоҷагии моҳипарварии “Бобо Соҳиб” эътироз дорад, ки ҳанӯз соли 2009 қарорро дар бораи истифодаи ин замин гирифта буд.
Додситонии Кӯлоб дар пайи шикояти хоҷагии “Бобо Соҳиб” амрнома баровард. Бар асоси он дарахтони чандсоларо кандаанду 80 сотих заминро ба ҳолати аввалааш баргардондаанд.
Дар ин миён маълум нест, ки санадҳоро барои истифодаи як замин ба ду хоҷагӣ кӣ ва чӣ гуна додааст.
Тақсим ё дарёфти ҳуҷҷати истифодаи замин дар минтақаҳои Тоҷикистон чанд сол боз ба як мавзӯи доғу баҳсӣ дар сатҳи болотарини ҳукумат табдил ёфтааст. Дар аксар ҳолат сокинон аз ғайриқонунӣ гирифта шудани заминҳояшон ва ришваситонӣ дар ин соҳа нигаронӣ мекунанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи ноябри имсол хабар дод, ки зиёда аз 4 ҳазор қарори раисони шаҳру ноҳияҳоро дар робита ба истифодаи замин ғайриқонунӣ дониста, 3696 парванда кушодааст. Аз мансабдорон ном гирифта нашудааст ва тафсилоти парвандаву муҷозоти онҳо маълум нест.
Мақомоти Додситонӣ аз нисбатан беҳтар шудани вазъи истифодаи замин дар кишвар хабар дода, аммо таъкид кардаанд, ки ҳанӯз ҳам дар кори чанд ниҳод, аз ҷумла идораи замин ва ҳукуматҳои маҳаллӣ “қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ ҷой доранд”.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Маҳви боғи баҳсбарангез дар шаҳри Кӯлоб