Ҳамлаи Украина ва Русия бо дрону мушак ба ҳамдигар

Запорожйе, Украина, 17-уми декабри 2023

Украина ба минтақаҳои ҷанубӣ ва ғарбии Русия даҳҳо ҳавопаймои бесарнишин сар дод.

Аз тарафи дигар, Маскав баъзе аз гӯшаҳои Украинаро бо дрону мушакҳои баллистикӣ ва болдор нишон гирифт.

Нерӯҳои ҳавоии Украина рӯзи 17-уми декабр гуфтанд, ки Русия дастикам як мушаки баллистикии "Искандар", як мушаки болдор ва 20 ҳавопаймои бе сарнишинро равона кард.

Артиши Украина дар Телеграм навишт, ки мушаки "Искандар" ба ҳадаф нарасид.

Як мансабдори Украина гуфт, шаби 16 ба 17-уми декабр дар вилояти Одесса боқимондаҳои як ҳавопаймои бесарнишини Русия ба бинои истиқоматӣ афтода, боис ба марги як нафар шуд.

Вазорати дифои Русия дар паёме дар Телеграм иддао кард, ки 33 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро дар фазои вилоятҳои Липитск, Волгоград ва Ростов зад.