Дар бомбаборони Исроил даҳҳо сокини Ғазза кушта шуд

14 декабр, Ғазза

Рӯзи 16 декабр нирӯҳои исроилӣ ҳадафҳоеро дар шимол ва ҷануби Ғазза бомбаборон каданд, ки боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо фаластинӣ гардид. Исроил ба даъватҳои ИМА дар бораи кам кардани шиддати амалиёт ва тамаркузи бештар сари раҳбарони гурӯҳи Ҳамос гӯш надод. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо Ҳамосро як ташкилоти террористӣ меноманд.

Мақомоти тандурустӣ дар Ғазза гуфтанд, ки ба беморхонаи Носир ҷасади 20 кушташуда ва даҳҳо маҷрӯҳ, аз ҷумла занону кӯдакон оварда шуданд. Дар сафари як мушовири президенти ИМА ба Исроил мақомоти ин кишвар гуфтаанд, ки то замони аз байн бурдани Ҳамос амалиёти онҳо идома хоҳад кард.