Ҷопон дар пайравӣ аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Амрико зидди ду ширкати узбекистонӣ таҳрим ҷорӣ кардааст.
Вазорати иқтисоди Ҷопон ҷамъан беш аз 80 ширкатро, ки дар 5 кишвар фаъолият мекунанд, таҳрим намудааст.
Ба рӯйхати таҳримшудаҳо 57 ширкат аз Русия, 27 ширкат аз Белорус, 2 ширкат аз АМА, 2 ширкат аз Узбекистон ва 1 ширкат аз Сурия шомил шудааст.
Сухан аз ширкатҳои узбекистонии "Alfa Beta Creative" ва "GFK Logistic Asia" меравад, ки қаблан аз сӯи ИА ва Амрико таҳрим шуда буданд.
Дар гузориши сомонаи Комиссияи Аврупо гуфта шуда, ки ин ширкатҳо мехостанд барои саноати дифоии Русия аз Ғарб маҳсулот бихаранд.
"Alfa Beta Creative" соли 2022 дар Узбекистон таъсис ёфта, бо харидуфурӯши яклухти таҷҳизот ва техникаҳои коргоҳӣ машғул аст. Ширкати "GFK Logistic Asia MMC" фаъолияти худро дар Узбекистон соли 2018 оғоз карда, тибқи манбаъҳои боз, асосан ба ироаи хадамоти ҳамлу нақл машғул мебошад.