Ба бовари вакилон, ин тарҳи қонун метавонад, боис ба афзоиши таваллуд шавад. Лоиҳа дар сомонаи Думаи давлатии Русия нашр шуд.
Муаллифони тарҳ мегӯянд, ҷавонони Русия бемасъулият шудаанд ва таваллуди кӯдакро "то дарёфти маълумот, касб, то замони соҳиби шароити моддӣ шудан" ба таъхир мегузоранд. Онҳо ҳамчунин шароити исқоти ҳамлро дар клиникаҳои хусусӣ танқид кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки пештар чанде аз сокинони Нижний Новгород бо фиристодани номае аз волии минтақа Глеб Никитин хоста буданд, ки раванди исқоти ҳамлро мушкил нагардонад.
Глеб Никитин низ яке аз ташаббускорони тарҳи қонуни манъи исқоти ҳамл дар бемористонҳои хусусӣ аст.
Коршиносон дар Русия мегӯянд, маҳдуд кардани исқоти ҳамл боис ба афзоиши таваллуд намегардад, балки баръакс боис ба исқоти пинҳонӣ, марги занон ва тифлкушӣ хоҳад шуд. Ба бовари онҳо, барои афзоиши таваллуд бояд мадади давлат ба оилаҳои соҳиби кӯдак бештар ва сатҳи зиндагӣ беҳтар карда шавад.