КДАМ мегӯяд, куштор дар натиҷаи шоҳидии қотиле ошкор шудааст, ки барои Қамчӣ Колбоев кор мекард. Ному насаби қотилро ошкор накардаанд.
Бино ба иттилои тафтишот, созмондиҳандаҳои қатли Акматбоев соҳибнуфузони ҷиноӣ Қамчӣ Колбоев, Алмамбет Анапияев, Болот Самсалиев ва Марат Раимбеков будаанд. Се тани аввал дар қайди ҳаёт нестанд ва нафари чаҳорум чанд сол аст, ки бе ному нишон шудааст.
Куштори Акматбоев моҳи майи соли 2006 дар деҳаи Кок-Жар дар наздикии масҷиди маҳаллӣ рух дод. Акматбоев дар натиҷаи тир хӯрдан дар сар ва қафаси сина ба ҳалокат расида буд.
Як моҳ пеш аз қатл Акматбоев вакили порлумони Қирғизистон интихоб шуда буд. Вай ҳангоми барҳаёт будан дар куштор се тан айбор мешуд. Вале моҳи январи соли 2006 додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ӯро бегуноҳ эълом кард.