Додгоҳ Хонро ба ифшои сирри давлатӣ муттаҳам кард

Имрон Хон

Додгоҳи Покистон рӯзи 13-уми декабр сарвазири пешин Имрон Хонро ба ифшои сирри давлатӣ муттаҳам кард.

Чанд расона гузориш доданд, ки Хон иттиҳомро напазируфтааст.

Ӯ дар моҳи апрели соли 2022 аз тарафи порлумон аз қудрат ронда ва моҳи августи имсол ба гуноҳи фасоди молӣ ва хилофкорӣ ба се сол зиндон маҳкум шуд.

Собиқ ситораи крикет Имрон Хони 70-сола раҳбари Ҳизби Таҳрики Инсоф буд.