Баҳси бастани сомонаи "Kloop" дар Қирғизистон боздошта шуд

Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкек баррасии парвандаро дар бораи бастани Бунёди иҷтимоии "Клооп Медиа" (сомонаи Kloop.kg) боз доштааст.

Ба иттилои рӯзноманигорон, додситонӣ аз додгоҳ дархост кардааст, ки барои ташхиси дубораи забоншиносӣ ва равоншиносии як қатор матлабҳои сомонаи "Kloop.kg" иҷозат диҳад. Додрас дархостро пазируфт.

Вакилони мудофеи "Клооп Медиа" зид баромадаанд, вале додрас назари онҳоро ба инобат нагирифта, иҷозат додааст, ки 10 матлаби расона дубора ташхиси судӣ шаванд.

Яке аз вакилони дифои расона Акмат Алагушев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ба он хотир зид буданд, ки додситон натавонист барои ташхиси дубора далели асоснокеро пешниҳод кунад.

Рӯзи 28-уми августи имсол расонаҳои маҳаллии Қирғизистон хабар доданд, ки додситонии Бишкек аз додгоҳ хостааст, бунёди иҷтимоии "Клооп Медиа" (молики Kloop.kg) барҳам дода шавад.

Дар шикояти додситонӣ аз ҷумла омадааст, дар натиҷаи ташхиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон муайян карда шуд, ки "матлабҳои расонаи мазкур ба танқиди сиёсатҳои ҳукумати кунунӣ равона шудаанд" ва "бештари матлабҳои расона хусусияти манфӣ дошта, ба бадномсозии намояндагони давлат бахшида шудаанд".

"Клооп Медиа" ин даъвои додситониро "фишори бесобиқа ба озодии баён дар Қирғизистон" номид. Ҳуқуқшиносони расона тасмим доранд, аз рӯйи даъвои додситонӣ шикоят баранд.