Фаъоли қазоқистонӣ барои нашри видео ҷарима шуд

Серик Идиришев

Пулиси вилояти Қазоқистони Шарқӣ 12-уми декабр фаъоли маданӣ Серик Идиришевро, ки ба ҷонибдорӣ аз раҳбари зиндонии ҳизби сабтнашудаи "Алға, Қазақстан!" Марат Жиланбоев дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоеро нашр карда буд, ҷарима кардааст.

Идиришев гуфт, санадеро, ки барои асоси он, бояд дар ҳаҷми 50 нишондиҳанда ҷарима супорад, имзо накард ва аз рӯйи он шикоят мекунад.

"Тибқи Конститутсия, ошкоро изҳори назар хоҳам кард. Ман кори ғайриқонуние накардаам. Фикр мекунам, ба ман фишор меоранд", - изҳор доштааст Идиришев.

Серик Идиришев моҳи гузашта тавассути саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба ҳукми зиндони Марат Жиланбоев ва пушти дарҳои баста баррасӣ шудани парвандаи эътироз карда буд.

Қаблан Додгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон узви ҳизби сабтношудаи "Алға, Қазақстан!" Асет Абишев ва ҳомии ҳуқуқ Айдар Сиздиковро, ки гуфтанд, далелҳо дар парвандаи раҳбари зиндонии ҳизб Марат Жиланбоев сохта мебошанд, 15 шабонарӯз ҳабс кард.

Марат Жиланбоев ба гуноҳи ҷонибдорӣ аз созмонҳои мамнуъ 7 сол зиндонӣ шудааст.