Қурмашеваро ба "дурӯғпароканӣ" дар бораи артиши Русия айбдор карданд

Нисбат ба рӯзноманигори бахши тоториву бошқирди Радиои Озодӣ Алсу Қурмашева дар Русия як парвандаи дигар боз кардаанд. Акнун ӯро ба "дурӯғпароканӣ дар бораи артиши Русия" айбдор мекунанд. Дар ин бора сомонаи Idel.Реалии хабар медиҳад.

Парванда дар пайи нашри китоби Қурмашева - "Нест бод ҷанг. Саргузашти 40 русиягие, ки зидди ҷанг бо Украина баромад карданд" - боз шудааст. Ин китоб моҳи ноябри соли гузашта аз сӯйи бахши тоториву бошқирди Радиои Озодӣ нашр шуда буд. Мақомоти тафтишотии Русия мегӯянд, Алсу Қурмашева дар паҳнсозии китоб даст дорад.

"Мо айбҳои нави ҳукумати Русияро нисбат ба Алсу қатъиян маҳкум мекунем. Рӯзноманигорӣ ин ҷиноят нест. Фурсате фаро расидааст, ки ба ин таъқибҳо хотима гузорем. Алсу 65 рӯз аст, ки дар ҳабси ноодилона қарор дорад ва аз хонаводаи худ ҷудо афтодааст", - гуфт иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеффри Гедмин.

Ин севумин парванда нисбат ба Қурмашева аст. Моҳи октябри имсол додгоҳе дар Қазони Русия Қурмашеваро дар робита ба огоҳ накарданаш дар бораи доштани шаҳрвандии Амрико 10 ҳазор рубли Русия - муодили 100 доллари Амрико ҷарима баста буд. Ҳамзамон Қурмашева дар доираи парвандаи дигар - вайрон кардани қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ" дар ҳабс аст.

Додгоҳи олии Тотористон 12-уми декабр ҳукми ҳабси хабарнигори собиқадори бахши тотору бошқирди Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Алсу Қурмашеваро, ки 18-уми октябр дастгир шуда буд, бетағйир гузошт.

Мурофиа видеоӣ баргузор шуд. Вакили дифои рӯзноманигор дархост кард, ҳукми ҳабси зерҳимояашро ба ҳабси хонагӣ иваз кунад, вале додрас онро рад кард. Қурмашева то 4 феврали имсол дар ҳабс мемонад.

Қаблан Додгоҳи шаҳри Қазони Русия мӯҳлати боздошти Қурмашеваро то 5 феврали соли 2024 тамдид карда буд.

Алсу Қурмашева, ки дар қароргоҳи РАО/РО дар шаҳри Прага кор карда, соҳиби шаҳрвандии дугонаи Русия ва ИМА мебошад, моҳи майи имсол бо зарурати оҷили оилавиаш ба Қазон сафар кард.

2-юми июн, замоне, ки мехост дубора ба Прага баргардад, дар фурудгоҳи шаҳри Қазони Тотористон боздошт шуд ва ҳарду шиносномаашро мусодира карданд. Аз ҳамон замон ӯ натавонист кишварро тарк кунад ва мунтазири бозгардони санадҳояш буд.

Рӯзи 18 октябр ӯро бори дигар боздошт карда ин навбат барои худро ба ҳайси агенти хориҷӣ ба қайд нагирифтанаш, ҳабс карданд. Ин иттиҳом то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.