Ҷасади Нозия Исмонзодаро баъд аз панҷ рӯзи бедаракшавӣ аз дарёи Кофарниҳон ёфтаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, ки ӯ 16-сола ва аз ноҳияи Файзобод аст.
Мақомот фарзияи худкуширо тафтиш мекунанд.
Чанд рӯз боз акси Нозия Исмонзода бо хабари гум шуданаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархид.
Дар хабарҳо гуфта мешуд, ки ӯ бори охир рӯзи 6-уми декабр аз лаби дарёи Кофарниҳон дар “Ватсап” паёми видеоӣ гузоштааст.
Назари наздикони духтар ба ҳодиса маълум нест.