Ҳавопаймои Uzbekistan Airways, ки рӯзи 11-уми декабр аз шаҳри Ню-Йорк ба Тошканд парвоз мекард, ночор дар фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербурги Русия фуруд омадааст.
Сабабро “бетартибӣ”-и шаҳрванди 32-солаи Узбекистон гуфтанд.
Кормандони пулис дар фурудгоҳи Пулково мусофирро аз дохили ҳавопаймо маҷбурӣ берун кардаанд.
"Баъд аз берун овардани мусофир ҳавопаймо ба парвозаш идома дод", - хабар дод ширкати Uzbekistan Airways.