Додгоҳи Тотористон хост, Алсу Қурмашева дар боздоштгоҳ монад

Алсу Қурмашева

Додгоҳи олии Тотористон 12-уми декабр ҳукми ҳабси хабарнигори Бахши тотору бошқирди Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Алсу Қурмашеваро бетағйир гузошт. Ӯ рӯзи 18-уми октябри имсол дастгир шудааст.

Мурофиа видеоӣ баргузор шуд.

Вакили мудофеи рӯзноманигор дархост кард, ҳукми нигаҳдории зерҳимояашро дар боздоштгоҳ ба ҳабси хонагӣ иваз кунанд, вале додрас напазируфт. Қурмашева то 4-уми феврали имсол дар ҳабс мемонад.

Алсу Қурмашева, ки дар қароргоҳи РАО/РО дар шаҳри Прага кор карда, соҳиби шаҳрвандии дугонаи Русия ва Амрико мебошад, моҳи майи имсол бо зарурати оҷили оилавӣ ба Қазон рафт.

2-юми июн, замоне ки мехост дубора ба Прага баргардад, дар фурудгоҳи шаҳри Қазони Тотористон боздошт шуд ва ҳарду шиносномаашро мусодира карданд. Аз ҳамон замон ӯ натавонист кишварро тарк кунад ва мунтазири бозгардони санадҳояш буд.

Рӯзи 11-уми октябр Алсу Қурмашеваро барои он ки шиносномаи амрикоиашро дар сохторҳои Русия ба қайд нагирифт, 10 ҳазор рубл (муодили 103 доллари амрикоӣ) ҷарима бастанд.

Рӯзи 18-уми октябр ӯро барои худро ба ҳайси агенти хориҷӣ сабтином накарданаш боздошт карда. Ин иттиҳом то 5 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.