Ҳалокати 3 кас дар пайи фурӯрезии як бино дар Қазоқистон

Мақомоти Қазоқистон тасдиқ карданд, ки дар пайи фурӯ рехтани бинои хадамоти техникии шаҳри Қустанай се нафар ҷон бохтааст.

"Дар натиҷаи ҷустуҷӯ 12 нафар аз зери харобаҳо берун оварда шуданд. Мутаассифона, се касро наҷот дода натавонистем", - гуфтанд дар ҳукумати шаҳри Қустанай.

Мақомоти Қазоқистон дар пайи ҳодиса бар асоси моддаи "вайрон кардани талаботи бехатарӣ аз сӯхтор" парванда кушодаанд.

Рӯзи 11-уми декабр дар хадамоти техникӣ дар ҳудуди маҷмаи истиқоматии Амангелдӣ дар шаҳри Қустанай таркиши газ рух дод.

Дар натиҷа бинои якошёнаи иборат аз 280 метри мураббаъ фурӯ рехта, баъд аз таркиш сӯхтор ба вуқуъ омад.