Даҳҳо мансабдори қирғиз барои робита бо Матраимов ва Колбоев барканор шудаанд

Қамчӣ Колбоев ва Раимбек Матраимов

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки беш аз 180 корманди ниҳодҳои гуногуни давлатӣ барои робита бо муовини пешини раиси Хадамоти гумруки он кишвар Раимбек Матраимов ва соҳибнуфузи кушташудаи олами ҷиноӣ Қамчӣ Колбоев аз кор ронда шуданд.

Ба иттилои кумита, дар натиҷаи тафтишот муайян карда шудааст, ки 226 корманди ниҳодҳои давлатии Қирғизистон бо Колбоев ва Матраимов робитаи пинҳонӣ доштаанд.

Аз ҷумла, дар Хадамоти гумруки Қирғизистон 76 кас ва дар Вазорати умури дохилии он кишвар 14 кас бо ин иттиҳом аз кор ронда шудааст.

Ҳамчунин шаш вакили маҷлисҳои маҳаллӣ, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибнуфузони олами ҷиноӣ айбдор мешуданд, аз мақомҳои худ истеъфо дода, 65 корманди мақомотҳои маҳаллӣ сабукдуш гаштааст.

Дар бораи робита доштани Райимбек Матраимов бо Қамчӣ Колбоев пештар ҳам дар расонаҳои маҳаллии Қирғизистон ва байналхалқӣ гуфта мешуд. Аз ҷумла бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар ин бора таҳқиқоти журналистӣ анҷом дода буд.

Қамчӣ Колбоев рӯзи 4 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, дар ҷараёни амалиёти махсус, кушта шуд. КДАМ Қирғизистон гуфт, Колбоев муқобилати мусаллаҳона нишон дода ва дар натиҷа кушта шудааст.

ИМА соли 2012 Қамчӣ Колбоевро ҳамчун яке аз калонтарин қочоқчиёни маводи мухаддир дар паҳнои шӯравии пешин шомили "рӯйхати сиёҳ" карда буд.

Раимбек Матраимов солҳои 2015-2017 муовини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон буд. Ному насаби вай борҳо дар таҳқиқотҳои рӯзноманигории марбут ба низоми фасодолуди мақомоти гумруки Қирғизистон зикр шудааст.

Моҳи октябри соли 2020 Матраимовро дар фасодкорӣ дар мақомоти гумрук айбдор карданд. Вай 1 млрд 400 млн сом пули нақд ва дар ҳаҷми 600 млн сом ба давлат амвол пардохт. Матраимов дар додгоҳ айбро эътироф кард ва бо пардохти 260 ҳазор сом ҷарима озод шуд.