Шӯрои амнияти миллии ва мудофиаи Украина нисбати ширкати "Фотон"-и Узбекистон таҳрим ҷорӣ кард.
Президенти Украина Владимир Зеленский дар ин бора рӯзи 7 декабр фармон имзо кардааст. Бино ба тавсияи Хадамоти амнияти Украина, нисбати 181 шахси воқеӣ ва 185 шахси ҳуқуқӣ таҳрим ҷорӣ шудааст.
Ширкати электроникии "Фотон" ва роҳбари 67-солаи он Марифхоҷа Сайдумаров низ шомили таҳримҳои ахири Украина шудааст.
Дар доираи ин таҳримҳо дороиҳои афроди таҳримшуда ҳабс ва амалиёти хариду фурӯш ва бонкии онҳо манъ мешавад.
Корхонаи "Фотон" дар Узбекистон ҳанӯз соли 1941 сохта шудааст. Соли 1995 ин корхона ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил шуд ва айни замон ҷузъи ҳолдинги "Узэлтехсаноат" ба ҳисоб меравад.
Корхона барои дастгоҳҳои радиоэлектронӣ микросхема истеҳсол мекунад.