Марде барои дастдарозӣ ба кӯдаки 8-сола зиндонӣ шудааст

Додгоҳи шаҳри Тошканд марди 63-солаеро, ки баъди иҷборан бӯсидани як духтари 8-сола боздошт шуда буд, 5 солу 4 моҳ аз озодӣ маҳрум кардааст.

Дар хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Узбекистон гуфтанд, парвандаи М.И., пушти дарҳои баста баррасӣ шуд.

Додрас вайро бар асоси қисми 3 моддаи 129 (кирдори ношоиста нисбат ба шахси аз 16-сола поин бо истифода аз зӯроварӣ ё таҳдид)-и Кодекси ҷиноии Узбекистон айбдор донистааст.

Тарҳи "Nemolchi.uz", ки бо хушунат мубориза мебарад, моҳи августи имсол видеоеро нашр кард. Дар он дида мешуд, марде дар канори як духтарча нишаста, нисбат ба ӯ амалҳои нораво анҷом медиҳад. Мард бо вуҷуди муқобилиятҳои кудак иҷборан аз лабони ӯ бӯса мекунад.

Пулиси Тошканд баъд аз нашри видео хабар дод, ки мардро боздошт кардааст ва ҳодиса моҳи августи рух додааст.

Дар робита ба ин ҳодиса бо моддаи "анҷоми амалҳои шаҳвонӣ нисбат ба фарде, ки ба синни 18 нарасидааст" парванда боз шуда буд.