Нерӯҳои ҳавоии Украина мегӯянд, аз 48 дрони дигари сохти Эрон 41-тоашро сарнагун карданд.
Ба иттилои онҳо, Русия ин ҳавопаймоҳоро субҳи чоршанбе, 6-уми декабр, барои ҳамла ба чанд ҳадаф дар Украина истифода бурдааст.
Дар изҳороти Нерӯҳои ҳавоии Украина аз 6-уми декабр омадааст, ки ҳавопаймоҳои бесарнишин аз нимҷазираи ишғолшудаи Қрим ва вилояти Курски Русия парвоз карданд.
Дар бораи талафоту хисороти эҳтимолӣ ҳанӯз иттилое нест.