Марги ҷавони 22-сола дар боздоштгоҳе дар Узбекистон

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Узбекистон гуфт, баъд аз марги ҷавони 22-сола дар боздоштгоҳи шаҳри Чирлики вилояти Тошканди он кишвар таҳқиқ шуруъ шудааст.

А.У.-и 22-соларо рӯзи 30-юми ноябр ба гумони дуздӣ ва қаллобӣ боздошт карда буданд.

Ҷасадашро 1-уми декабр дар боздоштгоҳи шаҳри Чирлик овехта пайдо карданд.

Вакили порлумони Узбекистон Ҷаҳонгир Туляганов, ки дар бораи марги ҷавони боздоштшуда хабар дода буд, гуфт, мумкин аст, вай худкушӣ карда бошад. Вале ҳамзамон бинии ҷавон шикаста буд.

Дар хабари расмии пулис омадааст, ки А.У. худро овехтааст.

Мақомоти додситонии Узбекистон таҳқиқро аз рӯи ин ҳодиса шуруъ кардаанд.

Дар аксу наворҳое, ки расонаҳои узбекистонӣ дар ихтиёр доранд, дар ҷасади ҷавон осори латукӯб дида мешавад.