Як мансабдори Русия ҳалокати генерал Завадскийро тасдиқ кард

Владимир Завадский

Як мансабдори Русия ҳалокати генерали дигари артиши ин кишварро дар Украина тасдиқ кард.

Александр Гусев, волии Воронеж, рӯзи 4-уми декабр гуфт, ки генерал-майори 45-сола Владимир Завадский ҳафтаи гузашта дар Украина ҷон бохт.

Расонаҳои Украина ва Русия рӯзи 29-уми ноябр дар бораи ҳалокати ӯ гузориш дода буданд, аммо тасдиқи расмии он набуд.

Пойгоҳи iStories мегӯяд, Завадский генерали ҳафтуми Русия аст, ки дар тақрибан ду соли ҷанг дар Украина кушта шудааст.