Ду хабарнигор дар Қазоқистон ба зиндон маҳкум шуданд

Яке аз додгоҳҳои Алмато.

Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзноманигорон Владимир ва Наргис Северниҳоро, ки ба "тамаъҷӯӣ ба миқдори калон" айбдор мешуданд, мутаносибан 7 ва 8 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Пештар додситон барои рӯзноманигорон 11 соли зиндон талаб карда буд.

Вакилони мудофеъ ва худи гумонбарон аз додгоҳ хоста буданд, ки онҳоро озод намояд, зеро дар "кирдорашон таркиби ҷиноят вуҷуд надорад".

Тибқи маводи парванда, Северниҳо соли 2019 аз молики як шабакаи тарабхонаҳо Дмитрий Дремасов бар ивази нашр накардани мавод дар бораи тиҷораташ 200 ҳазор танга ($432) гирифта, аз соҳибкори дигар бо номи Зарета Фаталиева 15 млн танга ($32,4 ҳазор) талаб кардаанд.

Худи гумонбарон ин иддаои муфаттишонро рад карданд.