Боздошти як корманди Додгоҳи олии Узбекистон ба гумони фасод

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон ба гумони порагирӣ як мансабдори баландпояи Додгоҳи олии он кишвар боздошт шудааст.

Расонаҳои узбекистонӣ менависанд, корманди боздоштшудаи Додгоҳи олӣ Умед Фахриддинов аст, ки ҳанӯз 30-юми ноябр ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Ӯро мақомоти амниятии Узбекистон "ҳангоми гирифтани 10 ҳазор доллар" боздошт кардаанд.

Фахриддинов ба корафтодае ваъда кардааст, ки "дар ивази 10 ҳазор доллар мусоидат мекунад, то нисбат ба ӯ ҳукми маҳрумият аз озодӣ набарояд".

Нисбат ба ин корманди Додгоҳи олии Узбекистон бо моддаи қаллобӣ ва порагирӣ парванда боз шудааст.

Бори аввал нест, ки кормандони Додгоҳи олии Узбекистон ҳангоми ҳангоми гирифтани пора боздошт мешаванд.