Наргиз Абдусаломоваро се моҳ ба ҳабс гирифтанд

Наргиз Абдусаломова

Наргиз Абдусаломова, рӯзноманигори озарбойҷонӣ, барои се моҳ ба ҳабс гирифта шуд.

Ӯ корманди чоруми расонаи “Абзатс” аст, ки дар доираи парвандаи қочоқи асъор ё арзи хориҷӣ ба Озарбойҷон боздошт гардидааст. Чизе, ки нашрия сохта ва созмонҳои ҳуқуқи инсон саркӯб медонанд.

Додгоҳе дар шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон, Абдусаломоваро рӯзи 30-юми ноябр барои бозпурсӣ даъват карда, сипас боздошт намуд.

Дар камтар аз ду ҳафтаи охир мудири нашрия Улви Ҳасанлӣ; сармуҳаррир Севинч Воҳифқизӣ ва хабарнигори и “Абзатс” Муҳаммад Кекалов низ боздошт шудаанд.

Пулис мегӯяд, дар идораи нашрияи “Абзатс” 40 ҳазор евро (43 ҳазору 800 доллар) пули нақд ёфт.