Мақомоти давлатии Қазоқистон аз мавҷудияти ҳостеле дар шаҳри Алмато хабар надоштаанд, ки дар сӯхтори рӯзи 30 ноябр онҷо 13 кас фавтид ва 5 тани дигар захм бардошт. Дар ин бора Сирим Шарифхонов, вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар дод.
Шарифхонов гуфт, ин ҳостел дар қайди мақомот набуд ва тафтиш низ намешуд.
Бахши қазоқии Радиои Озодӣ бо истинод ба пулиси Алмато хабар дод, ки дар миёни ҳалокшудагон ду русиягӣ ва ду узбекистонӣ низ ҳастанд. Ин хобгоҳ як моҳ пеш дар ошёнаи якум ва таҳхонаи бинои сеошёна ташкил шудааст. Замони сар задани сӯхтор дар он 72 кас қарор дошта, 59 нафар мустақилона биноро тарк кардаанд.
Департаменти ҳолатҳои фавқулодаи Алмато гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир сабабҳои сар задани сӯхтор таҳқиқ мешавад. Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи қоидаҳои зидди сӯхтор" парванда боз шудааст.
Дар робита бо талафоте, ки дар паи сӯхтор дар Алмато рух додааст, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқияе ба номи раиси ҷумҳурии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев тасаллият баён кардааст.