Узбекистон транзити нафти Русияро афзоиш доданист

Ширкати "КазТрансОйл"-и Қазоқистон нақша дорад, ки транзити нафти Русияро ба Узбекистон дар соли оянда се баробар – то 500 ҳазор тонна афзоиш диҳад.

Дар ин бора хабаргузории русии "Интерфакс" бо истинод ба сардори департаменти ҳамлу нақли ширкат Абай Бейсембоев иттилоъ додааст.

“Ширкати узбекии “Sanoat Energetika Guruhi” барои транзити 500 ҳазор тонна нафти Русия дар соли 2024 бо имкони афзоиши он то ба 1 миллион тонна дархост фиристодааст”, - изҳор доштааст Бейсембоев.

Интизор меравад, дар соли 2023 ҳаҷми транзити нафти Русия ба Узбекистон тавассути "КазТрансОйл" 154 ҳазор тоннаро ташкил диҳад.