Русия ба дарёфти қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳо аз Украина идома додааст

Аз оғози ҳамлаи бедалели Русия ба Украина ширкати "Авиа ФЭД сервис" саноати ҳавопаймоии Русияро камаш ба арзиши 650 миллион рубл (7,3 миллион доллар) бо қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳо таъмин кардааст.

Таҳқиқоти “Важние истории" ва OCCRP маълум карда, ки 370 миллион рубл (4,1 миллион доллар)-и он ба Украина рост меояд. "Авиа ФЭД сервис" ширкати русӣ аст ва соли 1993 ташкил шуда.

Рӯзноманигорон муайян кардаанд, ки ширкати "Авиа ФЭД сервис" танҳо барои таъмири ҳавопаймоҳои Ан-124 ба Русия ба маблағи 120 миллион рубл (1,3 млн доллар) қисмҳои эҳтиётӣ даровардааст.

Ба ин тартиб, ширкати мазкур барои таъмири чархболҳои Ка-32 аз корхонаи "Радар"-и Киев ба бештар аз 67 миллион рубл (755 ҳазор доллар); барои таъмири муҳаррикҳои Ан-24 ва Ан-12 аз корхонаи "Артем"-и шаҳри Киеви Украина ва дигар корхонаҳои Украина ба 170 миллион рубл (1,9 миллион доллар) ба Русия қисмҳои эҳтиётӣ ворид кардааст.

Муштариҳои "Авиа ФЭД сервис" Вазорати мудофиаи Русия, ширкати давлатии Русия "Ростех" ва отряди махсуси президентии "Россия" будаанд.