Молики маҷмааи "Sun City"-и Бишкек боздошт шуд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки Александр Сан, писари вакили собиқи порлумони он кишвар Борис Сан ва молики як қатор иншооти тиҷорӣ дар шаҳри Бишкек, аз ҷумла маҷмааи "Sun City" дастгир шудааст.

Гумонбарро 21-уми ноябр бо қарори додгоҳ то чоруми январи имсол ба ҳабс гирифтаанд. Вай ба сармоягузории аъзои гуруҳи муташаккили ҷиноии Қамчӣ Колбоев ва "пулшӯӣ" гумонбар аст.

Ба иттилои Кумита, "хонаводаи Сан молики 59 иншооти гаронбаҳо дар Қирғизистон ҳастанд. Арзиши умумии онҳо 80 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад."

Наздикони Александр Сан то ҳол хабарро шарҳ надодаанд.

Соҳибнуфузи олами ҷиноӣ дар Қирғизистон Қамчӣ Колбоев 4-уми октябри имсол дар натиҷаи як амалиёт дар шаҳри Бишкек кушта шуд.

То кунун даҳҳо нафарро дар Қирғизистон ба гумони узвият дар гуруҳи муташаккили ҷиноии ӯ дастгир кардаанд. Дар миёни онҳо соҳибкорони бузург низ ҳастанд.