Мақоми 7-уми узбекистониҳо дар озмуни корти сабз

Сафорати Амрико дар Узбекистон аз рӯйи теъдоди раводид (виза)-ҳои муҳоҷиратӣ, ки дар доираи озмуни "Green Card" ё корти сабз додаааст, дар ҷаҳон дар мақоми ҳафтум қарор гирифт.

“Роҳҳои зиёде барои зиндагӣ, таҳсил ва кор дар Амрико вуҷуд доранд. Барои сафар кардан масири қонунӣ ва бехатарро интихоб кунед”, - омадааст дар изҳороти сафорат.

Узбекистониҳо дар миёни ғолибони озмун баъд аз мисриҳо ва алҷазоириҳо мақоми севумро касб кардаанд. Аз Миср 5529, аз Алҷазоир 5526 ва аз Узбекистон 5511 кас ғолиби озмун эълом шуд. Дар Эрон 5506 ва дар Русия 5505 кас барандаи озмун эълом гаштаанд.

Сафорат рӯзи 7-уми сентябр аз қатъи пеш аз муҳлати барнома хабар дод. Ба иддаои масъулони намояндагии дипломатӣ, ҳамаи 55 ҳазор раводид дода шудааст.

Дар сафорати Амрико дар Тошканд гуфтанд, бо беш аз 3100 довталаб мусоҳиба анҷом ва барояшон раводид дода шуд.

Иёлоти Муттаҳида ҳар сол тавассути корти сабз барои 55 ҳазор кас дар саросари дунё ҳаққи иқомату корро дар ин кишвар фароҳам меорад. Бино ба муқаррароти Амрико, дарёфти корти сабз ҳанӯз роҳи ҳамвор ба Амрико нест ва кафолати онро надорад, ки шумо виза ин кишварро ба даст меоред.