Талаби 9,5 сол зиндон барои блогер Олимҷон Ҳайдаров

Олимҷон Ҳайдаров ба “тамаъҷӯӣ” ва "туҳмат ба ҷинояти вазнин" гумонбар аст

Додситон барои блогери узбекистонӣ Олимҷон Ҳайдаров 9 солу 6 моҳ зиндон талаб кард.

Ӯ ба “тамаъҷӯӣ” ва "туҳмат ба ҷинояти вазнин" гумонбар аст.

Пештар Ҳайдаров дар як паёми видеоӣ худро “маҳбуси сиёсӣ” номид.

Блогер гуфт, дар давоми кори худ нақшаҳои бузурги фасодкорирро ошкор кард ва бинобар ин, боздошти ӯ мустақим ба фаъолияташ рабт дорад.

Парвандаи Ҳайдаровро додгоҳи Фарғона баррасӣ мекунад.