Полис дар минтақаи шимолии Иссиқкӯли Қирғизистон гуфт, ки се мардро бо иттиҳоми талоши арӯсдуздӣ боздошт кардааст. Масъалаи арӯсрабоӣ дар Қирғизистон як мушкили ҷиддӣ аст, ки бо вуҷуди ҷорӣ кадани ҷазои ҷиноӣ барои кор аз соли 2013 то ҳол решакан нашудааст.
Дар давоми солҳои охир чандин ҳодисаи марги духтарон ва ба хушунати хонаводагӣ печидани ин қазияҳо ба қайд гирифта шудааст.
СММ соли гузашта гуфт, бо вуҷуди талошҳои мақомоти Қирғизистон барои ташвиқи баробарии ҷинсӣ, ҳамоно дар бисёр ҳолатҳо дастандаркорони ҷинояти арӯсдуздӣ беҷазо мемонанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Баҳси арӯсрабоӣ дар Қирғизистон авҷ гирифт "Духтарони мо чорво нестанд, ё узр пурсад, ё истеъфо диҳад" ВИДЕОФирори духтарон аз хона. "Роҳи халосӣ"-и ошиқон, "дарди сар"-и волидонДар Узбекистон духтари 16-солае, ки худро аз мошини одамрабоён партофта буд, ҷон бохтПулиси Қирғизистон гуфт, видеои арӯсрабоиро таҳқиқ мекунад