Лавров гуфт, ӯро ба ҷаласаи САҲА даъват карданд

Декабри соли 2017, Вена. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар ҷаласаи САҲА

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки агар Булғористон ҳарими ҳавоиашро барои ҳавопаймои ҳайати Русия боз кунад, бо дархости чанд кишвари ғарбӣ барои иштирок ва мулоқот бо ӯ, омода аст дар ҷаласаи САҲА дар Македонияти Шимолӣ ҳузур пайдо кунад.

Аз замони ҳуҷуми артиши Русия ба хоки Украина дар соли 2022, Ғарб дар фикри дар инзиво гузоштани ин кишвар аст ва мулоқот дар сатҳи мақомоти Русия хеле кам барпо шудааст.

Лавров гуфт, ки Македонияи Шимолӣ ӯро барои иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви САҲА дар таърихи 30 ноябр то 1 декабр ба шаҳри Скопйе даъват кадааст.