Гуруҳи "Ҳамос", ки аз сӯи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст, Исроилро ба нақзи шартҳои созиш муттаҳам кард.
Исроил иддаои "Ҳамос"-ро дар бораи риоя накардани шартҳои созиш рад намуд.
Оҷонси Созмони Милал дар умури паноҳҷӯёни фаластинӣ гуфт, рӯзи ҷумъа 196 мошини ҳомили кумак ба Ғазза ворид шудааст.
Исроил мегӯяд, рӯзи шанбе мошинҳои ҳомили сӯзишворӣ низ вориди Навори Ғазза шуданд.
Ҳоло дар Ғазза оташбаси муваққат ҷорӣ шудааст.
Гурӯҳи тундрави “Ҳамос” ваъда дода, ки дар чаҳор рӯз дар умум 50 гаравгонро раҳо хоҳад кард. Аз сӯйи дигар, Исроил гуфтааст, 150 зиндонии фаластиниро озод мекунад.
24-уми ноябр, дар рӯзи аввали оташбаси муваққат дар Ғазза, гурӯҳи тундрави “Ҳамос” аз миёни 240 гаравгони гирифтааш 24 нафарро раҳо кард. Исроил 39 фаластиниро раҳо намуд.