Дар “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” вазъи ҳозираи Афғонистон ва ояндаи онро баррасӣ мекунанд.
Довуди Муродиён, раиси Институти мутолеоти стратегии Афғонистон, 24-уми ноябр гуфт, ба чорабинӣ ҳудуди 150 нафар, аз ҷумла чеҳраҳои сиёсии Афғонистон даъват шудаанд.
Муродиён аз ҳеч меҳмоне ном набурд. Вай гуфт, “ба Толибон ҳам даъватнома фиристодем, аммо на ҳамчун ҳукумат, балки ҳамчун ҷараёни сиёсӣ. Ягон посух наомад.”
Соли дуюм аст, ки нишасти “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Соли гузашта дар ин нишаст Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ширкат карда буд.
“Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” аз соли 2012 ба ин тараф баргузор мешавад. Ин ҳамоиш то ба сари қудрат омадани Толибон дар худи Афғонистон мегузашт.
Масъулонаш мегӯянд, онҳо ягон гуруҳи сиёсиро намояндагӣ намекунанд ва танҳо барои ибрози назарҳо дар бораи Афғонистон майдон фароҳам меоранд.