Русия рӯзи 25-уми ноябр бо даҳҳо ҳавопаймои бесарнишини сохти Эрон ба Украина ҳамла кард.
Дар ин ҳодиса чанд нафар захмӣ шудаанд.
Президент Владимир Зеленский онро "амали террористии барқасдона" номид.
Ӯ дар шабакаи X ё ҳамон Твиттери собиқ навишт, "Русия маҳз дар арафаи ёдбуди қурбониёни қаҳтии солҳои 1932-33 бо тақрибан 70 ҳавопаймои бесарнишини эронӣ ба хоки Украина ҳамла кард".
Нерӯҳои дифои ҳавоии Украина дар баёнияе гуфтад, аз 75 ҳавопаймои бесарнишини Русия 71-тои онро сарнагун карданд. Ба иттилои онҳо, беш аз 60 ҳавопаймо дар фазои Киев нобуд карда шуд.
Шаҳрдори Киев Виталий Кличко гуфт, дар ин ҳамла чанд нафар, аз ҷумла як кӯдак маҷрӯҳ шуда, даҳҳо бино, аз ҷумла як кӯдакистон зарар дид.