Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков дар посух ба саволи як канали донишҷӯии "МГИМО 360" дар бораи ин ки президенти баъдии Русия бояд чигуна бошад, гуфт: «Мисли ҳозира. Шояд каме дигаргуна, вале мисли ҳозира».
Интихоботи президентии Русия моҳи марти соли 2024 барпо мешавад. Песков гуфт, ки президенти амалкунанда Владимир Путин ҳанӯз нагуфтааст, ки оё дар интихобот номзад мешавад ё на. Песков гуфт, «бисёр мехоҳам, ки ӯ номзад шавад. Дар пирӯзиаш шубҳа надорам».
Путин, ки охири соли 1999 сари қудрат омад, аз он замон то кунун амалан тамоми 24 соли охир қудратро дар дасти худ нигаҳ медорад.