Сардори пулиси шаҳри Толдиқӯрғони Қазоқистон, ки бо гумони таҷовузи як сокини 27-солаи маҳаллӣ боздошт гашта буд, ду моҳ ҳабс шудааст.
Хабаргузории КазТАГ иттилоъ дода, ки қарори ҳабси сардори пулиси Толдиқӯрғонро 14-уми ноябр додгоҳи шаҳрӣ содир кардааст.
Ному насаби афсари боздоштшуда ошкор намешавад. Зидди вай бо банди "Таҷовуз ба номус" парванда боз шудааст.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки сардори пулиси Толдиқӯрғон Марат Куштибоев дар таҷовуз ба номус муттаҳам мешавад.
Наздикони гумонбар аз шарҳи ҳодиса худдорӣ мекунанд.